Ба резиш зери бори худ даровар соддалавҳонро
Ба резиш зери бори худ даровар соддалавҳонро,
Бияфшон симу зар чандон, ки бардоранд домонро.
Зи дастандози душман нест ғам хилватгузинонро,
Ки бими остин набвад чароғи зери домонро.
Ба бедорӣ хаёли зулфи хубон мекунад шабҳо,
Зи бас пайваста бинад чашми ман хоби парешонро.
Биҷӯ дурӣ зи ҳамҷинсон, нишоте гар тамаъ дорӣ
Чу мебинӣ, ҷудо аз якдигар лабҳои хандонро.
Барои захми мо аз мушк то созад сияҳтобаш,
Бар оҳу озмояд чашмат аввал теғи мижгонро.
Магар зад партави хуршеди ҳуснат дар ҷаҳон оташ,
Ки бурҷи обии чоҳ аст манзил моҳи Канъонро.
Ғанӣ, то нақши хат гашт аз нигини лаъли ӯ пайдо,
Даҳан шуд хотами ангушти ҳайрат содалавҳонро.