Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Даме, ки ёр гузорад қадам ба хонаи мо

Даме, ки ёр гузорад қадам ба хонаи мо, Сазад, ки Каъба шавад санги остонаи мо. Сазад, ки даъвии ҳамсоягӣ ба мӯр кунем, Ки саҳни хонаи халқ аст боми хонаи мо. Дар ин баҳор, ки бо сабза дом ҳамранг аст, Чу тухми мурғ нагардид сабз донаи мо. Дил аз хаёли гираҳҳои ёр чун пур аст, Гуҳар зи муҳраи мор аст дар хизонаи мо. Зи шумии қадами мо, Ғанӣ, шавад вайрон, Бувад зи оҳан агар чун калиди хонаи мо.