Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Дар маърака сад захм расад гар ба тани мо

Дар маърака сад захм расад гар ба тани мо, З-он беҳ, ки бувад доғи сипар бар бадани мо. То сиркаи пешонии дунон начашидем, Дандони тамаъ кунд нашуд дар даҳани мо. Умрест, ки ҷуз шикваи мо кор надорад, Дӯзед лаби гӯр ба тори кафани мо. Бурданд пас аз мурдани мо маънии моро, Сад шукр, ки монда-ст ба ёрон сухани мо. Азбаски заифем ба ёди камари ӯ, Ҷуз мӯр касе нест, Ғанӣ, гӯркани мо!