Чашми мо равшан шуд аз хоки дари майхонаҳо
Чашми мо равшан шуд аз хоки дари майхонаҳо,
Рехтанд аз сурма гӯё ранги ин кошонаҳо.
Саъй баҳри роҳати ҳамсоягон кардан хуш аст,
Бишнавад гӯш аз барои хоби чашм афсонаҳо.
Барҳам аз саргармии мо хӯрд базми майкашон,
Оташе гаштему афтодем, дар майхонаҳо.
Дар шаби зулфи ту хоби хуш насибам кай шавад?
Хор мерӯяд зи паҳлӯям ба сони шонаҳо!
Оташи доғи ҷунун аз санг тифлон мекашанд,
Як нафас ғофил наянд аз кори худ девонаҳо.
Рафт умрам дар ғарибӣ бар бисоти рӯзгор,
Гарчи ҳамчун муҳраи шатранҷ дорам хонаҳо.
Баъди мурдан ҳам нагардам сер аз саҳбокашӣ,
Май ба хум пӯшам, чу гардам хок дар майхонаҳо!
Баъди маргам гар хурад афсӯс он саркаш, чӣ суд?
Мегазад ангушт шамъ аз мотами парвонаҳо!
Доим аз мастӣ, Ғанӣ, дар рақс чун дӯлоб бош,
Гар набошад май, тавон кард об дар паймонаҳо!