Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Мо – булбулон баланд насозем хонаро

Мо – булбулон баланд насозем хонаро, Хуш кардаем хонаи якошёнаро. Сангиндил аст ҳар кӣ ба зоҳир мулоим аст, Пинҳон даруни пунба нигар пунбадонаро. Шуд санги остонаи дил ҳар буте, ки буд, Кофир ба ёди саҷда кун ин остонаро. Дандони мор гарчи ба афсун тавон кашид, Аз зулфи ӯ ҷудо натавон кард шонаро. Рӯзе, ки гул зи боғ ба ғорат барад сабо, Булбул ба бод деҳ сабади ошёнаро. Сомони дил хаёли гираҳҳои зулф баст, Гавҳар бувад зи муҳраи мор ин хизонаро. Андеша гар зи тангии гӯрат бувад, Ғанӣ, Дар зиндагӣ зи хок баровар хизонаро.