Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Шуд хатм бар ҳадиси ту охир баёни мо

Шуд хатм бар ҳадиси ту охир баёни мо, Бошад нигини номи ту муҳри даҳони мо. Тар ҳамчу осиё нашуд аз об нони мо, Аз ташнагист хушк забон дар даҳони мо. Огаҳ нашуд табиб зи дарди ниҳони мо, Ин набзи мо хамӯштар аст аз забони мо. Гӯйӣ, ки дар танӯри фалак қаҳти ҳезум аст, То иштиҳо насӯхт, нашуд пухта нони мо. Азбаски васфи чашми сиёҳи ту кардаем, Гардид мисли сурма забон дар даҳони мо. Аз сайдгоҳи даҳр нагаштем ноумед, Зоғи камони мост шикори камони мо. Мӯйи сафеди мост ҳама гарди осиё, Шуд қути осиёи фалак устухони мо. Касро зи доми суҳбати мардум наҷот нест, Анқост гӯшагир, Ғанӣ, дар замони мо!