Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Бар замин пайваста мебинем зулфи ёрро

Бар замин пайваста мебинем зулфи ёрро, Кай равад аз сар ҳавои хок берун морро. То ту рафтӣ, рафт аз каф нақди айш, ай дилнавоз, Бод дар даст аст доим бе ту мусиқорро. Сахтдил кай мерасонад пайрави худро ба ком, Оби пайкон тар намесозад лаби сӯфорро. Кӯҳкан гар ҷанг бо хоро кунад беваҷҳ нест, Дар дили ағёр натвон дид нақши ёрро. То кай, ай бераҳм, чашми хеш мебандӣ зи мо Тоқати бастан набошад мардуми беморро. Боданӯшонро, Ғанӣ, аз оташи дӯзах чӣ бок, Шуъла шохи гул бувад мурғони оташхорро.