Гуфтугӯ якранг набвад ғофилу ҳушёрро
Гуфтугӯ якранг набвад ғофилу ҳушёрро,
Дар нафас бошад тафовут хуфтаву бедорро,
Бар тавозуъҳои душман такя кардан аблаҳист,
Пойбӯси сел аз по афканад деворро.
Тифли ашкам гар ба бозӣ рӯ ба саҳро оварад,
Қоғази боде шуморад абри дарёборро.
Дил ба истидлол бастам, мондам аз мақсуд дур,
Нардбон кардам тасаввур роҳи ноҳамворро.
Ҳоли мо аз номаи боли кабӯтар равшан аст,
Мо чӣ бинвисем шарҳи синаи афгорро!
Шишаҳоро муҳтасиб азбаски бар девор зад,
Кард мино кор охир хонаи хаморро.
Аз маҳу анҷум, Ғанӣ, бар аҳли биниш равшан аст,
К-аз сафедӣ нест нуқсон дидаи бедорро.