Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Тавонад сурате додан хаёлӣ он парирӯро

Тавонад сурате додан хаёлӣ он парирӯро, Мусаввир гар кунад аз боли анқо хомаи мӯро. Ҳазорон маънии борик бошад байти абрӯро, Ба ғайр аз мӯшикофон, кас нафаҳмад маънии ӯро. Ба нағма дил чу най бастанд камзарфон аз ин ғофил, Ки ин май охир аз тундӣ кунад сӯрох паҳлӯро. Миёни куштагон сар аз ҳиҷолат барнамедорам, Тиҳӣ то чун камон кардем аз тири ту паҳлӯро. Магар нақле зи рӯйи нусхаи ҳусни ту бардорад, Ки моҳ имшаб кашад аз ҳола ҷадвал сафҳаи рӯро. Ғанӣ, то чанд бошад синачок аз дасти урёнӣ, Ба тори пераҳан дӯзед чоки синаи ӯро.