Тиҳӣ кун, ай дил, аз парвардаи худ зуд паҳлуро
Тиҳӣ кун, ай дил, аз парвардаи худ зуд паҳлуро,
Ки охир нофа то куштан бувад ҳамроҳ оҳуро.
Нагардад шеъри ман машҳур, то ҷон дар танам бошад,
Ки баъд аз марги оҳу нофа берун медиҳад бӯро.
Зи осеби сабо осуда то субҳи абад бошад,
Кунад шамъ аз пари парвона гар таъвиз бозуро.
Ба нармӣ ҷон зи дасти сахтгирон метавон бурдан,
Ба зери теғ ҳаргиз кас нагирад хомаи мӯро.
Кунад дар пеши он пойи нигорин саҷдаҳо зулфаш,
Бале, коре беҳ аз оташпарастӣ нест ҳиндуро.
Фалак дар гардиш аст аз баҳри хоби бахти носозам,
Бувад дар ҷунбиши гаҳвора роҳат тифли бадхӯро.
Ғанӣ, аз сустии толеъ шикаст афтад ба бозорам,
Пайи савдо ба каф гирам агар санги тарозуро.