Маёр, ай бахт, баҳри ғарқи мо дар шӯр дарёро
Маёр, ай бахт, баҳри ғарқи мо дар шӯр дарёро,
Пари моҳӣ магардон бодбони киштии моро.
Либоси мо-сабуксорон тааллуқ барнаметобад,
Бувад ҳамчун ҳубоб аз бахя холӣ пераҳан моро.
Бувад аз шуълаи овози қулқул базми май равшан,
Сарат гардам, макун хомӯш, соқӣ, шамъи миноро.
Дами ҷонбахши ӯ то ранги ҳайрат рехт дар олам,
Зи меҳр ойина дар пеши нафас дидам Масеҳоро.
Агар лаб аз сухангӯйӣ фурӯ бандем, ҷо дорад,
Ки набвад аз назокат тоби бастан маънии моро.
Ғанӣ, соғар ба каф Ҷамшед пеши майфурӯш омад,
Ки шояд дар баҳои бода гирад мулки дунёро.