Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Ҷунунӣ ку, ки аз қайди хирад берун кашам поро?!

Ҷунунӣ ку, ки аз қайди хирад берун кашам поро?! Кунам занҷири пойи хештан домони саҳроро. Ба базми майпарастон муҳтасиб хуш иззате дорад, Ки чун ояд ба маҷлис, шиша холӣ мекунад ҷоро. Агар шуҳрат ҳавас дорӣ, асири доми узлат шав, Ки дар парвоз дорад гӯшагирӣ номи анқоро. Ба базми майпарастон саркашӣ бар тоқ неҳ зоҳид, Ки мерезанд мастон бемуҳобо хуни миноро. Шикаст аз ҳар дару девор мерезад, магар гардун Зи ранги чеҳраи мо рехт ранги хонаи моро. Надорад раҳ ба гардун рӯҳ, то бошад нафас дар тан, Расоӣ нест дар парвоз мурғи риштабарпоро, Ғанӣ, рӯзи сиёҳи пири Канъонро тамошо кун, Ки равшан кард нури дидааш чашми Зулайхоро.