Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ошиқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд

👁 21

Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд, Аз дурдии дард талхкомаш карданд. Гӯё ҳама ғамҳои ҷаҳон дар як ҷо Ҷамъ омада буд, ишқ номаш карданд.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ғам дораму ғамгусор мебояду нест

👁 21

Ғам дораму ғамгусор мебояду нест, Дар дасти ман он нигор мебояду нест. Дарди сара агар намебояду ҳаст, Ташрифи ҳузури ёр мебояду нест.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст?

👁 19

Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст? Ин хол чӣ холу ин чӣ зулфи аҷаб аст? Рӯи ту дар он ду зулфи мушкин чӣ аҷаб? Ҳар рӯз, ки ҳаст, дар миёни ду шаб аст.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб

👁 18

Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб, Эй маҳ, бинишин дар паси девор имшаб. Эй меҳр, бипӯш рӯи худро дар абр, Эй субҳ, дами хеш нигаҳ дор имшаб.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад?

👁 31

Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад? Толиби давлати бедори ту бошад, чӣ кунад? Шӯхию бехабар аз дарди гирифтории ишқ, Дардманде, ки гирифтори ту бошад, чӣ

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард?

👁 26

Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард? Майхораву маъшуқапарастам, чӣ тавон кард? Гар соғари сесӯза кашидам, чӣ тавон гуфт? В-ар тавбаи чилсола шикастам, чӣ т

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд

👁 30

Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд, Салтанатро бигузоранду туро банда шаванд. Гар ба хоки қадамат саҷда муяссар гардад, Сарфарозони ҷаҳон ҷумла сарафканд

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд

👁 34

Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд, Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд. Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ, Оре-оре, ин ду маънӣ ошиқи якдигара

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд

👁 16

Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд, Агар азизи ҷаҳонӣ, ки хор хоҳӣ шуд. Агар чу ман ҳаваси зулфи ёр хоҳӣ кард, Зи ошиқони сияҳрӯзгор хоҳӣ шуд.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад

👁 20

Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад, Зиндаро ҷон меситонад, мурдаро ҷон медиҳад. Дил магар побастаи зулфи ту шуд, к-аз холи ӯ Бод меояд, хабарҳои пареш

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад

👁 18

Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад, Он ҳам аз ноз кунад гоҳею гоҳе накунад. Меравам бар сари роҳаш ба умеди назаре, Оҳ, гар бигзарад он шӯху нигоҳе накуна

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Май хоҳаму кунҷе, ки ба ҷуз ёр набошад

👁 66

Май хоҳаму кунҷе, ки ба ҷуз ёр набошад, Ман бошаму вай бошаду ағёр набошад. Он ҷо асари раҳмати ҷовид тавон ёфт, К-он ҷо зи рақибони ту осор набошад.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

З-он пештар, ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд

👁 18

З-он пештар, ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд, Аз шодии висолаш тарсам, ки ҷон барояд. Носеҳ ба сабр моро бисёр хонд, лекин Мо ошиқему аз мо ин кор камтар ояд.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд

👁 15

Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд, Агар бо кӯҳ гӯям, кӯҳ дар фарёд меояд. Дилам рӯзе, ки тарҳи ишқ меандохт, донистам, Ки гар созам бинои сабр, бебунё

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Агар савдои ишқ ин аст, ман девона хоҳам шуд

👁 18

Агар савдои ишқ ин аст, ман девона хоҳам шуд, Чӣ ҷои ошно? К-аз хеш ҳам бегона хоҳам шуд. Дамидӣ як фусун в-аз даст бурдӣ сабру ҳуши ман, Худоро, тарки афсун ку

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст

👁 16

Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст, Аз рӯзи ман мапурс, ки он худ қиёмат аст. Ё Раб, тараҳҳуме, ки зи санги ҷафои халқ Мо дилшикастаему зи ҳар сӯ маломат

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ишқбозӣ чӣ бало, фикри хатое будааст

👁 35

Ишқбозӣ чӣ бало, фикри хатое будааст, Ишқ худ ишқ набудаст, балое будааст. Кош бинанд худобехабарон ҳусни туро, То бидонанд, ки моро чӣ Худое будааст.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост

👁 21

Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост, Аз оташи дилу ҷигари чок-чоки мост. Домани гул зи хоки шаҳидон газаштай, Гарде, ки домани ту гирифтаст, хоки мост.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст

👁 20

Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст, Кай дили ӯ сӯзад аз доғе, ки бар ҷони ман аст? Носеҳо, беҳуда мегӯӣ, ки дил бардор аз ӯ, Ман ба фармони дилам, ка

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дар дилам ҷуз ғами ҳиҷрони ту дигар ғам нест

👁 13

Дар дилам ҷуз ғами ҳиҷрони ту дигар ғам нест, Дар ғами ишқи ту моро хабар аз олам нест. Хоки Одам, ки сириштанд, ғараз ишқи ту буд, Ҳар кӣ хоки раҳи ишқи ту наш

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Гуфтӣ: «Бигӯ, ки дар чӣ хаёлию ҳол чист?

👁 19

Гуфтӣ: «Бигӯ, ки дар чӣ хаёлию ҳол чист? Моро хаёли туст, туро дар хаёл чист?» Ҷонам ба лаб расид, чӣ пурсӣ зи ҳоли ман? Чун қуввати ҷавоб надорам, суол чист?

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро

👁 21

Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро, Гул саросар оташ аст аммо насӯзад хорро. Дигар аз бетоқатӣ хоҳам гиребон чок зад, Чанд бӯсам синаи решу дили афгорро.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз

👁 34

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз, Баҳри дили хаста чорасоз омад боз. Умрам ҳама рафта буд аз рафтани ӯ, Сад шукр, ки умри рафта боз омад, боз.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Сӯзи ишқ

👁 25

Сӯзи ишқ агар дар дили инсон афтад, Ҳар лаҳза зи ҷон наъраи имон хезад. Дар кӯйи вафо ҳар кӣ гузашт аз худӣ, Аз нури ҳақиқат ба дилаш ҷон резад.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ғазали дилбарӣ

👁 20

Эй дил, зи висоли ёр уммед мадор, Бе сӯзи муҳаббат ба мақсад нарасӣ бор. Дар роҳи вафо ҷон бидеҳ беғаразона, К-он ҷо нарасад кас ба ҷуз ошиқи ҳушёр.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ