Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ошиқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт

👁 18

Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт, Ҳастем санги сахт ману ту ба роҳи ишқ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй меҳр, ки нест чун ту оламгарде

👁 21

Эй меҳр, ки нест чун ту оламгарде, З-ин раҳравиям бибахш роҳоварде. Имрӯз киро дидӣ, к-андар роҳи ишқ, Бар рух бувадаш гардею бар дил дарде.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ку дил, ки бидонад нафасе асрораш?

👁 21

Ку дил, ки бидонад нафасе асрораш? Ку гӯш, ки бишнавад даме гуфтораш? Маъшуқ ҷамол менамояд шабу рӯз, Ку дида, ки то бархурад аз дидораш?

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд

👁 19

То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд, В-андар пайи ишқ ошиқ ангехтаанд. Бо ҷону равони Бӯалӣ меҳри Алӣ, Чун ширу шакар ба ҳам даромехтаанд.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Он, к-аз лаби ӯ кони гуҳар киса ниҳод

👁 16

Он, к-аз лаби ӯ кони гуҳар киса ниҳод, Қалб аст ҳар он нақд, ки дар киса ниҳод. Банди сари киса мехаридам, гуфто: — Ошиқ дидӣ, ки банд бар киса ниҳод?

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино