Дарегам ояд хондан гизофвор ду ном
Дарегам ояд хондан гизофвор ду ном,
Бузургвор ду ном аз гизоф хондани хом:
Яке, ки хубонро яксара наку хонанд,
Дигар, ки ошиқ гӯянд ошиқонро ом.
Дарегам ояд, ҷуз ман туро наку хонанд,
Дарегам ояд, ҷуз бар раҳӣ-т ошиқ ном!
Маро дилест, ки аз ғамгинӣ чу дур шавад,
Ба ғамгинон шаваду ғам фароз гирад вом.