Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гули садбаргу мушку анбару себ

Гули садбаргу мушку анбару себ, Ёсамини сапеду мӯрди базеб. Ин ҳама яксара тамом шуда-ст Назди ту, ай бути мулукфиреб. Шаби ошиқ-т лайлатулқадр аст, Чун ту берун кунӣ рух аз ҷилбеб. Ба ҳиҷоб андарун шавад хуршед, Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб. В-он занахдон ба себ монад рост, Агар аз мушк хол дорад себ.