Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро, Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро. Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ, Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро. Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту, Агар бибинам бар муҳри ӯ нигини туро. Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд, Агар нигарам рӯзе ман остини туро. Агарчи хомуш мардум, ки шеър бояд гуфт, Забони ман ба равӣ гардад офарини туро!