Равӣ аз кӯчаҳо хушбахту масрур
Равӣ аз кӯчаҳо хушбахту масрур,
Чиноросо бари шаҳраҳ кашӣ қад.
Баланд аз хеш гардӣ ҷониби нур,
Ки бо гардун шавӣ ҳамрозу ҳамқад.
Бигирӣ дар барат боғу хиёбон,
Ки оғӯшат чу қалби ту бузург аст.
Равӣ аз шаҳр берун сӯйи ёбон,
Кунад бӯйи гулу пудинаат маст.
Зи дуриҳо бубинӣ қуллаи кӯҳ,
Ки он ҳамсар бувад бо нийяти ту.
Барад ёди ваят аз сина андӯҳ,
Ки куҳ ҳам қад кашад то чархи мину.
Равӣ ҳар ҷо ба пайки ошноӣ,
Занӣ бо ёди ишқ он ҷо нишеман.
Равӣ ту бомдоду шом ойӣ,
Ҳамон хона, ҳамон болин, ҳамон зан.