То ба боғ ояд тасвир намояд гулро,
То ба боғ ояд тасвир намояд гулро,
Қалами мӯйи анминқор шавад булбулро.
Гар бунафша ба ту дорад сари нофармонӣ,
Аз баногӯш аён соз сари кокулро.
Ин димоғе, ки ман аз накҳати зулфат дорам,
Дар гулистон чӣ кунам райҳони сунбулро.
Даври гул мешиканад табъи мардуми, чӣ аҷаб,
Ки тааммул накунад зоҳиду гирад мулро.
Мушфиқӣ меҳри туро дар дили ҳар зарра шинохт,
Назар он аст, ки дар ҷузв шиносад кулро.