Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Мушфиқӣ
Абдураҳмони Мушфиқӣ

Пас аз куштан чу аз хоки ту руяд. Мушфикй, лола,

Фитод аз лола оташ тавбаи парҳезгоронро. Ки оташбарг шуд қавсу кузаҳ абри баҳоронро. Чи гуна чоки гул дузад сабо аз сузани сабза, Ки дар ҳар ришта беш аз сад гираҳ афтода боронро. Бақое нест бедоди гулу фарёди булбулро. Басе гулҳо тамошо кардаму дидам ҳазоронро. Саги у дар вафо аз худ маро камтар намедонад. Касе беҳтар намедонад зи ёрон қадри ёронро. Рақибо, гар навиди лутфи он бадхӯ намеорй. Ба дашноми дурӯғе шод кун уммедворонро. Зи марҳам бех шавад хар чо ба дил доғе бувад лекан Бех аз доғи ту набвад хеч марҳам дилфигоронро Пас аз куштан чу аз хоки ту руяд. Мушфикй, лола, Ту хоҳи сохтан равшан чароғи хоксоронро.