Туро хоҳам
Ҳанӯз ҳам аз Худо дар ҳар дуоям ман туро хоҳам,
Агарчи рафтӣ аз ман, лек боз ҳам туро хоҳам.
Диламро бурдаӣ, рафтӣ, намедонам чаро охир?
Ҳанӯз ҳам аз миёни мардуми дунё туро хоҳам.
Бидон инро, ки ақлам дигар асло туро нахоҳад,
Чӣ созам бо диле, ки ҳар замон аз ман туро хоҳад?
Бихобам бо хаёле, ки намехоҳам туро дигар,
Вале чун бархезам аз хоб, ҳазорон бор туро хоҳам.
Агар хонӣ ту ин шеърам, бидеҳ охир ҷавобамро:
Ту рафтӣ аз мани ошиқ, бигӯ, дигар киро хоҳам?