Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро,
Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро,
В-ар қасди озорам кунӣ, ҳаргиз наёзорaм туро.
З-ин ҷавр бар ҷонам кунун, даст аз ҷафо шустӣ ба хун,
Ҷоно, чӣ хоҳад шуд фузун, охир зи озорам туро?
Рух гар ба хун шӯям ҳаме, об аз ҷигар ҷӯям ҳаме,
В-ар ҳоли худ гӯям ҳаме, ёде бувад, к-орам туро.
Оби рухони ман мабар, дил рафту ҷонро дарнигар,
Тимори кори ман бих(в)ар, к-аз ҷон харидорам туро.
Ҳон, эй санам, хорӣ макун, моро фарозорӣ макун,
Обам, буто, торӣ макун, то дарди сар н-орам туро.
Ҷоно, зи лутфи эзадӣ гар бар дилу ҷонам задӣ,
Ҳаргиз нагӯйӣ, Анварӣ, рӯзе вафодорам туро.