Авҳадуддин Анварӣ
1089 - 1152Алӣ Авҳадуддин Анварӣ яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти классикии тоҷик ба шумор рафта, бо эҷоди қасоид, қитъаот, маснавӣ ва ғазалиёти дилангези худ намунаи беҳтарини адабиёти классикиро муаррифӣ менамояд. Доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодии ин марди суханвар олимони зиёде чун Саид Нафисӣ, Валентин Жуковский, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Зайнулобидини Мӯътаман, Забеҳуллоҳи Абдулҳусайни Сафо, Зарринкӯб, Саидҷаъфари Шаҳидӣ, Мударриси Разавӣ, Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Расул Ҳодизода, Т. Самадов ва Искандар Икромов изҳори ақида намудаанд. Мувофиқи сарчашмаҳо, Анварӣ тақрибан дар солҳои 1089–1090 дар деҳаи Баднаи қасабаи Абеварди вилояти Ховарони Хуросон ба дунё омадааст. Номи комили шоир мувофиқи нишондоди Мударриси Разавӣ Авҳаддуддин Алӣ ибни Муҳаммад ибни Исҳоқ Анварии Абевардист. Дар бораи давраи ҷавонии шоир ақидаҳо гуногунанд. Чунон ки қайд мешавад, гӯё Анварӣ ҷавони шеърдӯст, вале ишратпарасте будааст ва дар натиҷаи сабукфикрӣ аз мероси падар бебаҳра мемонад ва бо насиҳати яке аз дӯстони падар равияи зиндагияшро тағйир дода, барои сайқал додани истеъдоди худододи шоирӣ мекӯшад. Албатта, то кадом дараҷа дуруст будани ин маълумот равшан нест, вале ҳаминро бояд қайд кард, ки Анварӣ фаъолияти эҷодии худро аз навиштани маснавӣ, манзумаҳои ҳаҷвии пурмазмун оғоз намудааст. Чунон ки аз маъхазҳо ва аз истифодаи истилоҳоти гуногуни соҳавӣ дар ашъораш бармеояд, Анварӣ аз илмҳои гуногуни замонаш низ бархӯрдор будааст. Муҳаққиқон соли вафоти Анвариро гуногун нишон медиҳанд. Устод Айнӣ соли вафоти ӯро 547 ҳ. (1152 м.) медонад.
Мавзӯъҳои шеърҳо
3 тегТавсияи мо барои шиносоӣ бо Авҳадуддин Анварӣ
Биё, эй ҷон, биё, эй ҷон, биё, фарёд рас моро,
Биё, эй ҷон, биё, эй ҷон, биё, фарёд рас моро, Чу моро як нафас бошад, набошӣ як нафас моро. Зи ишқат гарчи бадардему дар ҳиҷронат андар ғам, Зи ишқи ту на бас
Аз дур бидидам он париро,
Аз дур бидидам он париро, Он рашки бутон-и озариро. Дар мағриби зулф арз дода Сад қофила Моҳу Муштариро.
Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо,
Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо, Дардо, ки нестат хабар аз рӯзгори мо. Дар кори ту зи дасти замона ғамин шудам, Эй, чун замона бад, назаре кун ба кори мо.
Эй карда хиҷил бутон-и Чинро,
Эй карда хиҷил бутон-и Чинро, Бозор шикаста ҳури инро. Биншонда пиёда моҳи гардун, Бархоста фитнаи заминро.
Эй, ғорати ишқи ту ҷаҳонҳо,
Эй, ғорати ишқи ту ҷаҳонҳо, Барбоди ғами ту хонумонҳо. Шуд бар сари кӯи лофи ишқат Сарҳо ҳама дар сари забонҳо.
Эй карда дар ҷаҳон ғами ишқат самар маро,
Эй карда дар ҷаҳон ғами ишқат самар маро, В-эй карда дасти ишқи ту зеру забар маро. Аз пой то ба сар ҳама ишқат шудам, чунон-к Дар зери пойи ишқи ту гум гашт са
Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро,
Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро, В-ар қасди озорам кунӣ, ҳаргиз наёзорaм туро. З-ин ҷавр бар ҷонам кунун, даст аз ҷафо шустӣ ба хун, Ҷоно, чӣ х
Осор
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй, аз бунафша сохта гулбаргро ниқоб,
Эй, аз бунафша сохта гулбаргро ниқоб, В-аз шаб тапончаҳо зад...
Эй, ғорати ишқи ту ҷаҳонҳо,
Эй, ғорати ишқи ту ҷаҳонҳо, Барбоди ғами ту хонумонҳо. Шуд б...
Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо,
Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо, Дардо, ки нестат хаба...
Аз дур бидидам он париро,
Аз дур бидидам он париро, Он рашки бутон-и озариро. Дар мағр...
Кай бувад мумкин, ки бошад хештандорӣ маро?
То бувад дар ишқи он дилбар гирифторӣ маро, Кай бувад мумкин...
Эй карда дар ҷаҳон ғами ишқат самар маро,
Эй карда дар ҷаҳон ғами ишқат самар маро, В-эй карда дасти и...
Эй карда хиҷил бутон-и Чинро,
Эй карда хиҷил бутон-и Чинро, Бозор шикаста ҳури инро. Биншо...
Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро,
Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро, В-ар қасди...
Биё, эй ҷон, биё, эй ҷон, биё, фарёд рас моро,
Биё, эй ҷон, биё, эй ҷон, биё, фарёд рас моро, Чу моро як на...
