Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
А
Авҳадуддин Анварӣ

Аз дур бидидам он париро,

Аз дур бидидам он париро, Он рашки бутон-и озариро. Дар мағриби зулф арз дода Сад қофила Моҳу Муштариро. Дар гӯшаи орази ту кофур Барҳам зада зулфи анбариро. Ҷаъдаш ба карашма дарнавашта Сад тахтаи тоза кофариро. Лаълаш ба ситеза дарнамуда Сад мӯъҷизаи пайғамбариро. Тири мижа бар камони абрӯ Баркарда итобу довариро. Бар домани ҳаҷру васл баста Бадбахтиву некахтариро. Тарсон-тарсон ба танз гуфтам Он мояи ҳусну дилбариро, К-аз баҳри Худойро, кироӣ? Гуфтам: Ба Худо, ки Анвариро.