Кай бувад мумкин, ки бошад хештандорӣ маро?
То бувад дар ишқи он дилбар гирифторӣ маро,
Кай бувад мумкин, ки бошад хештандорӣ маро?
Суд кай дорад ба таррорӣ намудан зоҳидӣ,
Чун зи ман бирбуд он дилбар ба таррорӣ маро?
Соқии ишқи бутон дар ҷоми уммеди висол
Май гарон додааст, к-орад он сабуксорӣ маро.
З-он батар, к-аз ишқ ҳастам маст бо хасмони ӯ,
Мебибояд бурдан аз мастӣ ба ҳушёрӣ маро.
Зорам андар кори ӯ, в-аз кори ӯ ҳар соате
Кард бояд пеши халқ инкору безорӣ маро.
Ин шигифти бинву ин мушкил, ки андар ошиқӣ
Бурд бояд иллати лангию раҳворӣ маро.