Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳама банди танам монанди най бӣ,
Ҳама банди танам монанди най бӣ, Мудомам дарди ҳиҷронат зи пай бӣ. Маро сӯзу гудоза то қиёмат, Худо дуна, қиёмат то ба кай бӣ.
Нигорино, дилу ҷонам та дорӣ,
Нигорино, дилу ҷонам та дорӣ, Ҳама пайдову пинҳонам та дорӣ. Намедунам, ки ин дард аз кӣ дорам, Ҳамин дунам, ки дармонам та дорӣ.
Муро на фикри савдое, на суде,
Муро на фикри савдое, на суде, На дар дил фикри беҳбуде, на буде. Нахоҳам ҷӯканору чашмасорун, Ки ҳар чашмам ҳазорун Зиндарӯде.
Ду чашмунат пиёлай пур зи май бӣ,
Ду чашмунат пиёлай пур зи май бӣ, Ду зулфонат хироҷи мулки Рай бӣ. Ҳаме ваъда карӣ имрӯзу фардо, Надонам му, ки фардои ту кай бӣ.
Та, ки нозандаболо, дилрабоӣ,
Та, ки нозандаболо, дилрабоӣ, Та, ки бе сурма чашмон сурмасоӣ. Та, ки мушкин ду гесӯ дар қафоӣ, Ба му воҷӣ, ки саргардон чароӣ.
Мусалсал зулф бар рӯ рета дорӣ,
Мусалсал зулф бар рӯ рета дорӣ, Гулу сунбул ба ҳам омета дорӣ. Парешон чун карӣ он тори зулфон, Ба ҳар торе диле овета дорӣ.
Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ,
Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ, Гунаҳ чашмон кару дил мубтало бӣ. Агар чашмон накардӣ дидабонӣ, Чӣ донистӣ дилам, хубон куҷо бӣ?
Ман он шамъам, ки ишқам озарин бӣ,
Ман он шамъам, ки ишқам озарин бӣ, Касе, ки сӯтадил, ашкаш ҳамин бӣ. Ҳама шав сӯҷаму гирям ҳама рӯз, Зи та шомам чунон, рӯзам чунин бӣ.
Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ.
Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ. Висоли та зи умри ҷовидон беҳ. Кафе аз хоки кӯят, дар ҳақиқат, Худо дуна, ки аз кавну макон беҳ.
Зи бас меҳри рухат олам фирӯза,
Зи бас меҳри рухат олам фирӯза, Ҷаҳонро дил ба меҳрат сина сӯза. Фалакро шева доим инчунин буд, Ки ҳар ҷо чашми уммеде бидӯза.
Азизон, мавсими ҷӯши баҳора,
Азизон, мавсими ҷӯши баҳора, Чаман пурсабза, саҳро лолазора. Дар ин мавсим даме фурсат ғанимат, Ки дунёи данӣ беэътибора.
Ду чашмамро та хунполо кунӣ, та,
Ду чашмамро та хунполо кунӣ, та, Кулоҳи ақлам аз сар во кунӣ та. Агар Лайлӣ бипурса ҳоли Маҷнун, Назар ӯро суи саҳро кунӣ та.
Надунам луту урёнам кӣ карда,
Надунам луту урёнам кӣ карда, Худам ҷаллоду беҷунам кӣ карда. Бидеҳ ханҷар, ки то сина кунам чок, Бубинам, ишқ бар ҷунам чӣ карда.
Сарам савдои гесӯи та дора,
Сарам савдои гесӯи та дора, Дилам меҳри маҳи рӯи та дора. Агар чашмам ба моҳи нав кара майл, Назар бар тоқи абрӯи та дора.
Дили му ғайри та дилбар нагира,
Дили му ғайри та дилбар нагира, Ба ҷои ҷавҳаре ҷавҳар нагира. Дили му сӯтаву меҳри та озар, Буте носӯта, озар дар нагира.
Ҳар он дилбар, ки чашми маст дора,
Ҳар он дилбар, ки чашми маст дора, Ҳазорон чун мане побаст дора. Миёни ошиқон он моҳсимо Чу шеъри ман баланду паст дора.
Дили ошиқ ба пайғоме бисоҷа,
Дили ошиқ ба пайғоме бисоҷа, Хуморолуда бо ҷоме бисоҷа. Маро кайфияти чашми ту кофист, Қаноатгар ба бодоме бисоҷа.
Муро, эй дилбари му, бо та кора,
Муро, эй дилбари му, бо та кора, В-агарна дар ҷаҳон бисёр ёра. Куҷо парвои чун му сӯта дирӣ, Чу му булбул ба гулзорат ҳазора.
Чу му як сӯтадил парвонае на,
Чу му як сӯтадил парвонае на, Ба олам ҳамчу му девонае на. Ҳама морону мӯрон лона диран, Мани девонаро вайронае на.
Дилам аз ишқи хубон гиҷу виҷа,
Дилам аз ишқи хубон гиҷу виҷа, Мижа бар ҳам занам, хунова реҷа. Дили ошиқ мисоли чӯби тар бӣ, Саре сӯҷа, саре хунова реҷа.
Дилам аз дарди та доим ғамина,
Дилам аз дарди та доим ғамина, Ба болин хиштаму бистар замина. Ҳамин ҷурмам, ки му та дӯст дирам, На ҳар, к-ат дӯст дира, ҳолаш ина.
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту,
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту, Бура, бура, ки султонам туӣ, ту. Та худ зунӣ, ки ғайр аз ту назунам, Бура, бура, ки имонам туӣ, ту.
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу,
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу, Ки он дилбар даме ҳамдам намебу. Ҳазорон раҳмати ҳақ бод бар ғам, Замоне аз дили му кам намебу.
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту,
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту, Ба султони араб, ҷонам туӣ, ту. Намедунам, ки чунам ё ки чандам, Ҳамедунам, ки дармонам туӣ, ту.
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан,
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан, Шарар з-он шӯълаам бар устухон зан. Чу шамъам барфурӯз аз оташи ишқ, Бар он оташ дилам парвонасон зан.