Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дилам аз дарди та доим ғамина,
Дилам аз дарди та доим ғамина, Ба болин хиштаму бистар замина. Ҳамин ҷурмам, ки му та дӯст дирам, На ҳар, к-ат дӯст дира, ҳолаш ина.
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту,
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту, Бура, бура, ки султонам туӣ, ту. Та худ зунӣ, ки ғайр аз ту назунам, Бура, бура, ки имонам туӣ, ту.
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу,
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу, Ки он дилбар даме ҳамдам намебу. Ҳазорон раҳмати ҳақ бод бар ғам, Замоне аз дили му кам намебу.
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту,
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту, Ба султони араб, ҷонам туӣ, ту. Намедунам, ки чунам ё ки чандам, Ҳамедунам, ки дармонам туӣ, ту.
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан,
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан, Шарар з-он шӯълаам бар устухон зан. Чу шамъам барфурӯз аз оташи ишқ, Бар он оташ дилам парвонасон зан.
Биё, ҷоно, дили пурдарди ман бин,
Биё, ҷоно, дили пурдарди ман бин, Сиришки сурху ранги зарди ман бин. Ғами маҳҷурию дарди сабурӣ, Биё, бар ҷони ғампарварди ман бин.
Хушо онон, на сар доран, на сомон,
Хушо онон, на сар доран, на сомон, Нишинан, ҳар ду по печон ба домон. Шавад рӯзон, сабурӣ пеш гиран Ба ёди рӯи дилдорон мудомон.
Дило, аз дасти танҳоӣ ба ҷунам,
Дило, аз дасти танҳоӣ ба ҷунам, Зи оҳу нолаи худ дар фиғунам. Шавони тор аз дарди ҷудоӣ Кара фарёд мағзи устухунам.
Ман ун мискини беқадру бар астам,
Ман ун мискини беқадру бар астам, Ман ун сӯзанда шамъи бесар астам. На кори охират, на кори дунё, Ман ун хушкида нахли бебар астам.
Му он мастам, ки по аз сар назунам,
Му он мастам, ки по аз сар назунам, Сару пое ба ҷуз дилбар назунам. Дилороме, к-аз ӯ гирад дил ором, Ба ғайр аз соқии Кавсар назунам.
Ҷигар пурдард то кай ояму шам,
Ҷигар пурдард то кай ояму шам, Зи васлат фард то кай ояму шам. Чаро гӯӣ, ки дар кӯям наёӣ, Му то кай бо рухи зард ояму шам?
Сари кӯи ту то чанд ояму шам,
Сари кӯи ту то чанд ояму шам, Зи васлат бенаво чанд ояму шам? Сари кӯят барои дидани ту, Натарсӣ аз Худо, чанд ояму шам?!
Ҳазорон мулки дунё гар бидорам,
Ҳазорон мулки дунё гар бидорам, Ҳазорон мулки уқбо гар бидорам. Бура, та дилбарам, то бо та вожам, Ки бе рӯи ту онро гар бидорам.
Зи ишқат оташе дар бӯта дирам,
Зи ишқат оташе дар бӯта дирам, Дар ун оташ дилу хун сӯта дирам. Сагат гар по ниҳад бар чашмам, эй дӯст, Ба мижгун хоки роҳаш рӯта дирам.
Азизон, мо гирифтори ду дардем,
Азизон, мо гирифтори ду дардем, Яке баднақшию дигар, ки фардем. Насиби мо набу, ки мо та винем, Ҷамолат як назар нодида мурдем.
Агар чашмам бидӯзӣ, дӯта хоҳам,
Агар чашмам бидӯзӣ, дӯта хоҳам, В-агар ҷисмам бисӯҷӣ, сӯта хоҳам. Агар боғам барӣ, бар чидани гул, Гули ҳамрангу ҳамбӯи та хоҳам.
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам,
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам, Ки лола сар дарора, му бичинам. Чу лола бевафо бу, бевафо бу, Нигори бевафо му чун гузинам?
Бе та болин сияҳмора ба чашмам,
Бе та болин сияҳмора ба чашмам, Бе та рӯзон шави тора ба чашмам. Бе та ҳар гаҳ шавам сайри гулистон, Гулистон сар ба сар хора ба чашмам.
Бе та гулшан чи зондона ба чашмам,
Бе та гулшан чи зондона ба чашмам, Гулистон озаристона ба чашмам. Бе та орому умру зиндагонӣ Ҳама хоби парешона ба чашмам.
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам,
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам, Навиди васли ту то нашнавистам. Ба дил тухми вафоят киштам охир, Ба ҷуз андӯҳу хорӣ надравистам.
Бишам, вошам, аз ин олам бадар шам,
Бишам, вошам, аз ин олам бадар шам, Бишам, аз Чину Мочин дуртар шам. Бари дилдор пайғоме фиристам, Ки гар дурӣ хуша, ман дуртар шам.
Бура, як шав мунаввар кун вусоқам,
Бура, як шав мунаввар кун вусоқам, Маҳил дар меҳнату дарди фироқам. Ба тоқи ҷуфти абрӯи ту савганд, Ки му ҷуфти ғамам, то аз ту тоқам.
Бура, сӯтадило, то мо бинолем,
Бура, сӯтадило, то мо бинолем, Биё, парвона, бо мо, то бинолем. Зи ишқи он гули раъно бинолем, Зи дасти ёри бепарво бинолем.
Ба рӯи дилбаре гар моиластам,
Ба рӯи дилбаре гар моиластам, Макун манъам, гирифтори диластам. Худоро, сорбон, оҳиста мерон, Ки му вомандаи ин қофиластам.
Ду зулфонат бувад тори рубобам,
Ду зулфонат бувад тори рубобам, Чӣ мехоҳӣ аз ин ҳоли харобам? Та, ки бо му сари ёрӣ надорӣ, Чаро ҳар ними шав оӣ ба хобам?