Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳусайни Мунзавӣ
Ҳусайни Мунзавӣ

Осмон абрист! Аз офоқи чашмонам бипурс

Осмон абрист! Аз офоқи чашмонам бипурс, Абр боронист, аз ашки чу боронам бипурс. Киштии дил дар кафи амвоҷи ғам хоҳад шикаст, Нуктаро аз синаи саршори тӯфонам бипурс. Дар ҳама лавҳи замирам ҳеҷ нақше ҷуз ту нест, Он чиро мегӯям, аз ойинаи ҷонам бипурс. Оташи ишқат ба хокистар бадал кард охирам Гар надорӣ бовар аз дунёи вайронам бипурс. Парда дар парда ҳама хунёгари ишқи туам, Шӯру шавқамро аз овозе, ки мехонам, бипурс. Дар шаби ҳаҷри ту месӯзад чароғи ҳастиям, Оташи ҷони маро аз шеъри сӯзонам бипурс Ҷузи хаёлат ҳеҷ шамъе дар шабистонам насӯхт Боре аз ӯ гар напурсӣ, аз шабистонам бипурс. Чун шафақ аз гиря чашмонам ба мавҷи хун нишаст, Чанду чунро, инак, аз офоқи чашмонам бипурс.