Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бозор Собир
Бозор Собир

Лоиқ намеояд дигар.

Дар ин замин монанди ман Ошиқ намеояд дигар, Биншин ба рӯи чашми ман, Лоиқ намеояд дигар. Ғайр аз шаби мӯят маро Шабҳои эҷодӣ мабод, Ҷуз байти абрӯи ту нест Байте, ки мемонад ба ёд; Дар ин замин монанди ман Ошиқ намеояд дигар, Биншин ба рӯи чашми ман, Лоиқ намеояд дигар. Аз ҳар шаби назме, ки ҳаст Моро шаби мӯйи ту бас, Дар коғази рӯят ҳамин Шаҳбайти абрӯйи ту бас. Ҷоно, баёзи гарданат Беҳ аз баёзи шеъри ман, Шеъри тари лабҳои ту Ҳаргиз наафтад аз даҳан. Дар ин замин монанди ман Ошиқ намеояд дигар, Биншин ба рӯи чашми ман, Лоиқ намеояд дигар.