Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод,
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.
Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,
Душмани суратпарасташ сурати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.
Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Суҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ,
Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.
Қомати кӯтоҳи манғит
Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд,
Пастии саҳрои Қипчоқ
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халқи тоҷик –
Халқи армон,
Об дар чашм
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм
Чун асирон,
Аз Ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,
Бар ватанталбу кафанталбандаҳо бахшиду дод,
Душмани дарвеши худро
Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.
Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон
Солҳои тангиро медид ӯ,
Гаҳ дар оташ,
Гоҳ дар об,
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт, сӯхт,
Бо харобиҳои девору дари Афросиёбаш шуд хароб.
Лек лафзи модариаш,