Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Бани одам аъзои якдигаранд
"Бани одам аъзои якдигаранд", Ки акнун паи қатли якдигаранд. "Чу узве ба дард оварад рӯзгор", Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор?
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳолию дармондагӣ!
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед
Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед, Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед. Нест андуҳи маро бо дарди Маҷнун нисбате, Мешавам девона, гар нисбат ба Маҷнуна
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст, Вар-на ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст. Умр агар хуш гузарад, зиндагии ХИЗР(а) кам аст. Вар-на нохуш гузарад, ними на
Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар
Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар, Ғарибонро накӯ дору маёзор! Саҳар хестам, дари хона кушодам, Бидидам як ҷавоне хуфта бемор.
Ба номи Худованди ҷону хирад
Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз ин бартар андеша барнагзарад. Худованди ному Худованди ҷой, Худованди рӯзидиҳ раҳнамоӣ.
Сулҳ
Сулҳ агар бошад, ҷаҳон обод аст, Қалби инсон аз муҳаббат шод аст. Дасти дӯстӣ ба ҳам бояд дод, Роҳи фардо роҳи сулҳу дод аст.
СУРУДИ СУЛҲ
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил, То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон, Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон,
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст, Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст. Дил назаргоҳи Ҷалили Акбар аст, Каъба бунёди Халили Озар аст.
Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст
Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст. Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст. Кӯҳро он бузурги метавон ҳамвор кард, Ҳарфи ноҳамворро ҳамвор кард
Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр
Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр, Ки ту одам нашавӣ ҷони падар. Ҳайфи он умр, ки ай бе сару по, Дар раҳи тарбиятат кардам сарф.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: аз рӯи алифбо
"Не прикасайся"
Прочь — грязные руки с тела моего! Не подпущу я к себе никого, Кто смотрит с вожделением и без души Тот пуст, мёртв, изнутри.
(Ба муносибати ҷашни яксолагии
газетаи «Овози тоҷик») Дури назме, ки ин ҷо хома суфта, Гули таҳнияти дигар шукуфта. Ҳилол ангушт зад бар тоси чарх аз қуръаи фоле,
(Дар васфи Тоҷикистон)
Дило, касби ҳавои Тоҷикистон метавон кардан, Тамошои сафои Тоҷикистон метавон кардан. Зи сайри лолазораш сад чаман гул метавон чидан, Диле хуш дар фазои Тоҷикис
* * *
Сӯи саҳро лолачинӣ рафт ӯ, Аз паяш рафтам баҳона кофта, То бигӯям арзи меҳри аввалин Рӯ ба рӯ, як ҷои хилват ёфта.
* * *
Ҷавонӣ гӯиё мисли суманбод Саҳаргоҳе вазиду рафт аз ман, Фақат як лаҳзаям бӯи хуше дод. Кунун дар роҳи тӯфон истода
* * *
Ҷавонӣ дода меҳратро харидам, Умедам буд: меёбам саодат, Вале аз ту вафодорӣ надидам. Ба мисли сахтборон рехт гӯё
* * *
Эй ситора, эй ситора, баъд аз ин хомӯш шав, Нурафшонӣ макун дигар ба болои сарам. Шаб ба ҳукми туст, аммо ман ба ҳукми ту наям, Ман ба ҳукми ёди ширину хаёли ди
* * *
Орзуям буд, дилро дар ҳаёт Пеш аз он ки ба хокаш биспурам, Аз раҳи расму русуму эътиқод Дар вафои ишқи покаш биспурам.
* * *
Чу Ансорӣ ба рӯи тахтасанге Навиштам чанд байти сӯзноке. На баҳри шӯҳратею ёдгорӣ, Фақат бар хотири як номи поке.
* * *
Рафтӣ, рафтӣ, дилбари оташнигаҳ, Рафтию бурдӣ ту ороми маро. Рафтию бераҳбарам дар ними раҳ, Рафтию бурдӣ саранҷоми маро.
* * *
Эй мояи хирад, чаро хомӯш мешавӣ, Бе ту ба ман навозиши даврон намерасад. Рӯзе, ки ту зи хонаи дил дур меравӣ, Як лутфи бедареғ зи ҷонон намерасад.
* * *
Худои суғдиёни бостонӣ Худои осмоние набудаст. Худованди заминӣ будааст он, Ба чашми кас дурахшон менамудаст.
* * *
Аз куҳистонӣ, зи фасли кӯдакӣ Кӯҳро дар синаят ҷо додаӣ. Дар сари сад қуллаҳо по мондаӣ, Дил ба рози кӯҳҳо бикшодаӣ.
* * *
Чунин беқайду бепарво шудӣ ту? Дареғ аз ҷӯшу туғёни ҷавонӣ! Чунин дилсарду беандеша гаштӣ? Дареғ аз раъду барқи ногаҳонӣ!
* * *
Гумон дорӣ, ки баъди бо ту будан, Пас аз бо ту нишастан, роз гуфтан, Сари зулфи туро бозӣ намудан, Бувад чизе кирои боз гуфтан?
* * *
Ман ӯро мешиносам. Китоби ҳастии ӯро нахонда, Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо? Агар донед, к-ӯ ҳам
* * *
Ошиқам бар сари афрохтае, Ки ба хокӣ буданаш афлокист. Ошиқам бар лаби хандон, ки дар он Хандаи пурҳияли шайтон нест.
* * *
Ту хушбахтӣ? Ту ҳоло дар куҷоӣ? Шаби маҳтобу роҳи Каҳкашонро, Шукуфазори боғи осмонро
* * *
Қалам бо он камию кӯтаҳияш Сутуни зиндагии бениёз аст. Туро дорад муаллақ дар фазоҳо, Чу лангарчӯби дасти дорбоз аст.
* * *
Буриданду ба гӯрат чӯб карданд Ниҳоле, ки шинондӣ чун нишона. Туро бо ин ҷаҳон аз хеш пайванд Ба ҷуз ин нахл чизе буд ё на?
* * *
Чӣ бояд бар тани мурда либоси шоҳӣ пӯшондан, Ба ҳамёнаш ниҳодан дастаи пул, пораи тилло? Ягон пурсанда он ҷо пораю ришва намехоҳад, На рӯбинанду хотирҷӯ «муфатт
* * *
Ман он сайёди гӯлу сода будам, Ки ту чун моҳӣ лағжидӣ зи дастам, Тамоми рӯз биншастам ба соҳил, Ба уммеде, ки бозоӣ ба шастам.
* * *
То дили шаб сайру гашти боғҳо, То дили шаб рақсу бозию суруд. То дили шаб чун таноби нуқрагӣ Дасти ту бар гарданам печида буд.
* * *
Ҳар чӣ арзон бошад, онро дар масал «Мисли хок арзон» бигӯянд одамон. Хок бисёр аз тамоми ганҷҳо, Ганҷҳое, ки дар ӯ бошад ниҳон.
* * *
Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман, Шаби бемоҳ буду беситора. Садоят буд ларзону шикаста, Нигоҳат – шӯълаи алмоспора.


