Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҷони ширин (қисми 1)

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам, Боз дар наздат ба парвоз омадам. Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам, Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам, Ин дили ман манзили ёди ту буд, Ёди рӯи ҳуснободи ту буд. Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам, Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам. Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд, Бе ту дил ғаш кард, чун атфол шуд. Бе ту дидам гарчи зебо духтарон, Бе ту бишнидам суруди ошиқон, Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам, Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам, Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан, Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан, Лек дар пеши назар рӯи ту буд, Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд. Ҷони ширин, пас дигар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун, Нестам мисли падарҳои дигар Дар бари фарзандҳо шому саҳар, Чор гардад чашми онҳо дар раҳам, Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам. Ку падар, гӯяд агар фарзанди мо, Менамоӣ ту ба сӯи дар нигоҳ. Дар замони пеш аҷдодони мо Тарк мекарданд кӯҳистони мо. Бахт меҷустанд аз бечорагӣ, Мурда мерафтанд дар оворагӣ. Мо вале аз он ғарибон нестем, Дар суроғи бахт сарсон нестем. Бахтро бо меҳнати озоди хеш