Ҷони ширин (қисми 2)
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Кард зан вазъияти моро дигар,
Чун насими тоза дохил шуд ба сар.
Чашми хоболудро бедор кард,
Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёр кард.
Дур шуд зан — модар аз аҷзу ниёз,
Тифл дар гаҳвораи ноз аст, ноз.
Кӯдакон шодон қадафрозӣ кунанд,
Кайф карда хандаву бозӣ кунанд.
Шодии фарзанд чун афзун шавад,
Рӯи модар бештар гулгун шавад.
Саъй бинмо, то набинад насли мо
Баъд аз ин манҳус рӯзи ҷангро.
Саъй кун фарзандҳо олим шаванд,
Бар ҳама сайёраҳо ҳоким шаванд,
Хандаву эҷодкориҳо кунанд,
Халқро эъҷози нав савғо кунанд.
Ҷони ширин, як нафас осуда бош,
Як нафас чун ғунчаи бикшуда бош,
Як нафас биншин ту дар паҳлӯи ман,
Як нафас хандида бингар сӯи ман.
Ёд кардам ҳарфи ширини туро,
Меҳрубониҳои дерини туро.
Гарчи пайдо гашт чин дар рӯи мо,
Гарчи пур шуд аз сафедӣ мӯи мо,
Орзу бисёр дорад дил ҳанӯз,
Ҷӯши ишқи ёр дорад дил ҳанӯз.
Орзу дорад, ки болу пар занад,
Гул ба мӯҳои сафеди сар занад,
Орзу дорад, ки бинад дурро,
Ҳикмати ояндаи машҳурро.
Хаймаи заррин занад бар рӯи моҳ,
Бар замин аз моҳ то созад нигоҳ.
Як нафас биншин, гапамро гӯш кун,
Сӯҳбати имрӯзаро пурҷӯш кун.