Беҳтарин ёр
Беҳтарин ёре ки дорам қалби хунпӯши ман аст,
Рӯи хокам, зери хокам, у дар оғӯши ман аст.
Қомати ман то абад хамгашта нест аз бори марг,
Зиндаги вазнинтарин боре ки бар дӯши ман аст.
Беҳтарин ганҷе ки дорам лаҳзаҳои худгарист,
Бадтарин бебаргиям рӯзи фаромӯши ман аст.
Ҳар қадар темори дил дорад суханҳои фузун,
Беҳтарин гуфтор дар лабҳои хомӯши ман аст.
Баъди маргам ҳикмати пирон фаромӯшам мабод,
То қиёмат панди эшон роҳати гӯши ман аст.
Гӯри Сармад дар баҳорон ҳам нагардад сабзпӯш,
То абад дар мотам ин хоки сияҳпӯши ман аст.