Ин куҷову он куҷо
Донаи фил-фил сиёҳу холи маҳбубон сиёҳ,
Ҳарду , ҷонсӯзанду, аммо ин куҷову он куҷо.
Домани духти ҷавону чеҳраи мардони пир,
Ҳарду чиндоранду, аммо ин куҷову он куҷо.
Теғи ҷаллодон каҷ асту абрӯи дилдор каҷ,
Ҳарду хунрезанду,аммо ин куҷову он куҷо.
Ошиқон шабзиндадору дузд ҳам шабзиндадор,
Ҳарду бедоранду аммо ин куҷову он куҷо.
Шакари Мозандарону шакари Ҳиндустон,
Ҳарду ширинанду аммо ин куҷову он куҷо.
Борбар дар зери бору дилбар дар зери ёр,
Ҳарду нолонанду, аммо ин куҷову он куҷо.
Чаҳ-чаҳи тути назифу зам-зами булбул латиф,
Ҳарду мехонанду,аммо ин куҷову он куҷо.