Ба мизроби дигар қонуни ишқат соз мекардам
Ба мизроби дигар қонуни ишқат соз мекардам
Навои пардаи Ушшоқат аз Шаҳноз мекардам.
Чу мурғи бепару болам ман аз афтодагӣ, лекин
Ба сӯят бетаваққуф чун нигаҳ парвоз мекардам.
Ба маҳзи лутф сӯйи кулбаи ман мехиромидӣ,
Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.
Агар мебуд дар ҳаҷри ту ҳамчун кӯҳ тамкинам,
Садое мешунидам аз ту, гар овоз мекардам!
Тағофул монеи асрори лутфаш буду ман ҳар дам
Ба рамзе гӯшаи он чашмро ғаммоз мекардам.
Аз он рӯзе, ки дидам дар фани эҳё лаби лаълаш,
Масеҳо мешудам ман, тарки ин эъҷоз мекардам!
Ҳамерафтам ба Тури ишқи ӯ аз баҳри дидораш,
Чу Мӯсо дар таҷаллигоҳи шавқаш роз мекардам.
Агар дар хоб медидам баногаҳ талъати Лайлӣ,
Ҳазор анҷоми Маҷнунро ба як оғоз мекардам!
Ба базми васл з-ангуштам шамими атр меомад,
Агар банди қабояшро баногаҳ боз мекардам.
Намуданд аз сари кӯйи ту бо ман равзаи ҷаннат,
Намебудӣ ту дар ҷаннат, валекин ноз мекардам.
Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал:
«Ту мерафтию ман сӯзи қиёмат соз мекардам!