Агар ба гӯшаи чашме назар кунӣ моро
Агар ба гӯшаи чашме назар кунӣ моро,
Ба як нигоҳ кунӣ сайди хеш дилҳоро.
Ҳазор обиду зоҳид ҳамешавад майнӯш
Ба маҳфиле, ки ту гирӣ ба даст саҳборо.
Ба тавқи бандагӣ гардан ниҳад чу қумрӣ сарв,
Бибинад ар ба чаман ин қади дилороро.
Кашида мардуми чашмат барои қатлам тир,
Куҷо раҳам, ки занад новаки ту анқоро!
Машоми ҷону дил аз накҳати ту тар гардад,
Агар ба бод диҳӣ зулфи анбаросоро.
Санои пири харобот боядам гуфтан,
Ки дод бар мани махмур пои хум ҷоро.
Биёр, соқӣ, қадаҳро, чӣ ҷои эҳмол аст?
Ба раҳни бода диҳам хирқаи мусаллоро.
Шаҳиди ханҷари мижгони ӯ шудам, Туғрал,
Бикаш зи турбати ман, гар гузар кунӣ, поро!