Эй акси рухат ҷон диҳад ойинаи дилро чун мӯъҷизи Исо!
Эй акси рухат ҷон диҳад ойинаи дилро
чун мӯъҷизи Исо!
Тӯтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно,
бо он лаби гӯё!
То бо қади шамшод гузаштӣ сӯи гулшан,
Қумрӣ ба фиғон шуд,
Наргис пайи наззора шавад дида саропо
аз баҳри тамошо.
Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи мисрӣ
дар зовияи чоҳ,
Савдои ту доранд ба сар Вомиқу Узро,
танҳо на Зулайхо!
Пироҳаи гул дар чаман аз шавқи ту чок аст
аз фурқати рӯят,
Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно
чун бода ба мино!
Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон
овард насиме,
Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо,
з-он рафт ба саҳро.
Хизри хати ту дода ба райҳони адаб ноз
аз қоидаи бӯ,
Дар кишвари хубӣ набувад, лолаъузоро,
чун ту шаҳи воло!
То лашкари ҳусни ту ба тороҷ зи ҳар сӯ
овард шабехун,
Чашм аз пайи ҷон бурдану рух аз паи яғмо
дар мулки дили мо!
Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст,
растан натавонад,
Занҷир бувад ҳар сари мӯ пои ҷунунро,
з-он зулфи мутарро!