Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Дил ба тоқи абрӯйи ӯ майпарастӣ мекунад

Дил ба тоқи абрӯйи ӯ майпарастӣ мекунад, Чун кабутар дар равоқи қаъба мастӣ мекунад. Аз баланди кай расам бар зарраи он офтоб? Толеъу иқболи сустам сахт пастӣ мекунад. Сурма дорад орзу чашм аз ғубори мақдамаш, Хоки пояшро ҷабинам пешдастӣ мекунад. Ҳеч кас дар ишқи Лайлӣ нест ин ҷо устувор, Кай чу Маҷнун дигаре даъвои ҳастӣ мекунад? Аҷз бошад дар талаб шамъи далели муддао, Сад дуруст аз мумиё дар дилшикастӣ мекунад. Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан, Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.