Ҷаҳони назмро султон чаҳоранд
Ҷаҳони назмро султон чаҳоранд,
Ки ҳар як боғи донишро баҳоранд.
Аввал Фирдавсӣ, он к-аз хоки Тӯс аст,
Аз ӯ рӯи сухан рӯи арӯс аст.
Дувум Саъдӣ, ки ӯ cap зад зи Шероз,
Расад шерозиёнро бар ҷаҳон ноз.
Севум сарви риёзи Қум Низомӣ,
К-аз ӯ мулки сухан бошад тамомӣ.
Чаҳорум Анварӣ, то cap баровард,
Чу оби пок аз хоки Абевард.
Пас аз ин чор устоди ҳунарвар
Суханҳои ману ғайри ман овар,
Навои булбулу асвоти зоғ аст,
Хироми кабку рафтори калоғ аст.