Ғами ту, то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо
Ғами ту, то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо,
Ба ҷуз рӯи гулат дигар ба чашмам хору хас бодо!
Хаёлам дар шаби зулфат равад ногаҳ ба айёрӣ,
Ба шаҳристони ҳуснат наргиси мастат асас1 бодо!
Чу фарзин муҳраи ишқи туро ҳар кас, ки каҷ бозад,
Агар шаҳрух бувад, сад фили ӯ зери фарас бодо!
Ба роҳи ишқ бандад сорбони шавқи ман маҳмил,
Қумоши нолаи дил ноқаи ӯро ҷарас бодо!
Фалак рӯзе мабодо созад аз банди ғам озодам,
Каманди ҳалқаи зулфи ту он дам додрас бодо!
Агар хуршед дар пешат занад лоф аз дами хубӣ,
Ба гӯши мурғи анқо ҳамчу овози магас бодо!
Зи боғи назм Туғрал ҷуз гули мадҳи ту гул чинад,
Ҷазои ӯ ба сад хорӣ чу булбул дар қафас бодо!