Якҷо шавӣ
Аз чашмаи ишқ, эй дило, дарё шавӣ, дарё шавӣ,
Гоҳе даруни синаам чун баҳри нопайдо шавӣ.
Аз ҳалқаи андӯҳи ғам гоҳе намеоӣ бурун,
Гоҳе ту дар боди хаёл аз Каҳкашон боло шавӣ.
Ҳамроҳи ёрони қарин базми тараб барпо кунӣ,
Аз хеш во гардӣ даме, бо дӯстон якҷо шавӣ.
Эй дил, дар ин гетӣ басо асрори нобудшуда аст,
Хоҳам, ки бо нуру сафо пайванд бо дилҳо шавӣ.
Хоҳам, ки бошӣ ҷовидон бо дӯстон дар ин ҷаҳон,
Ҳаргиз мабод он лаҳзае дар зиндагӣ танҳо шавӣ.