Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Зарраи меҳр

Ҳар нафас, ки мерасад, ӯ ёди соғар мекунад, Бодаи ваҳдат гадою шаҳ бародар мекунад. Гунгро бо меҳри ӯ ҳарфе наояд бар забон, Ишқ он девонаро сардори минбар мекунад. Кимиёи ишқро андар адам санҷидаем, Хоки нобудии моро мегирад зар мекунад. Ашки ҳасратҳои моро аввалу анҷом нест, Қатрае резад агар, ҳар ду ҷаҳон тар мекунад. Зарраи меҳри Худо андар дилат ояд, агар, Хокбунёдию бо аршат баробар мекунад. Қудрати ин ончунон Сармад, ки беандоза аст, Ҳар нафас сад оламеро ранги дигар мекунад.