Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро
Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро,
Аз гудози дил диҳад равған чироғи Турро.
Бениёзӣ баски муштоқи лиқои аҷз буд,
Кард холи рӯи дасти худ Сулаймон мӯрро.
Аз фалак бе нола коми дил намеояд ба даст,
Шаҳд хоҳӣ, оташе зан хонаи занбурро.
Аз шикасти дил чӣ ишратҳо, ки барҳам хурду рафт,
Мӯи чинӣ шом ҷушонд аз саҳар Фағфурро.
Орзуманди туро сайри гулистон офат аст,
Накҳати гул теғ бошад соҳиби носурро.
Сӯхтан дар ҳар сифат манзури ишқ уфтодааст,
Машраби афсона аз оташ надонад нурро.
Софу дурде нест дар хумхонаи таҳқиқ, лек
Дор боло бурд шӯри нашъаи Мансурро.
Гар диле дорӣ, ту ҳам хун созу соҳибнашъа шав,
Май шудан махсус набвад донаи ангурро.
Дар тариқи нафъи худ кас нест муҳтоҷи далел,
Бе асо роҳи даҳан маълум бошад кӯрро.
Хушнамо набвад ба пирӣ арзи андози шабоб,
Лофи гармӣ сард бошад накҳати кофурро.
Бар умеди васл мушкил нест қатъи зиндагӣ,
Шавқи манзил мекунад наздик роҳи дурро.
Нағма ҳам дар нашъапаймоӣ қиёмат мекунад,
Мавҷи май тор аст, Бедил, косаи танбӯрро.