Шуд фасли гул, азимати сайри чаман кунед,
Шуд фасли гул, азимати сайри чаман кунед,
Гар фурсат аст, як-ду-се рӯзе ватан кунед.
Ҷоме, ки мекашеду нишоте, ки мекунед,
Дар пои гул кашеду ба рӯи суман кунед.
Фарзанди мардумон зани беминнати шумост,
Ҳайф аст агар тараддуди фарзанду зан кунед.
Гар хирқа в-ар китоб ба симе равон диҳед,
В-он сим сарфи суҳбати он симтан кунед.
Тангаш ба бар кашед чу ҷон коми дил аз ӯ,
Ҳосил ба шаккари лабу себи зақан кунед.
Лекин ба шарти он, ки дар аснои он нишот,
Ёд аз муқими гӯшаи байт ул-ҳазан кунед.
Шоҳинсифат ба ёди қадаш ҷон агар диҳам,
Аз нахли сарв тахтаи тобути ман кунед.