Эй маро ҳамчун суринат гашта чашми тар сафед,
Эй маро ҳамчун суринат гашта чашми тар сафед,
Бе рухат, боз о, ки чун чашмам нагардад сар сафед.
Гарчи орам қиссаи ҳаҷри ту сад раҳ дар қалам,
Ҳамчунон аз оби чашми ман бувад дафтар сафед.
То ту оӣ, ҳамчу наргис з-интизори мақдамат,
Дидаи навбодагони боғ шуд яксар сафед.
Нест нури субҳ, пиндорӣ шаби ҳаҷри ту чарх
Карда бар сар чун аҷузи мотамӣ чодар сафед.
Нест осон ишқи юсуфталъатон, ҳушёр бош!
Карда доғи ин азизон чашми пайғамбар сафед.
Субҳ агар гул кард гардун бе саводи шом нест,
Шир н-ояд доим аз пистони ин модар сафед.
Гарчи соқаш мӯи хиҷлат афканад дар чашми шир,
Лек садчандони он соқ аст болотар сафед.
Доғи накбат метавон бурд аз ҷабини толеам,
Чун ҳумо гар зоғро гардад шабистон пар сафед.
Фикри бикрам тарбият ҳаргиз надид аз рӯзгор,
Рафт чандин иду монд ангушти ин духтар сафед.
Нест пирӣ мӯҷиби ҳурмат фақеҳи шаҳрро,
Ҳукми он дорад, ки Шоҳин, гашт ёли хар сафед.