Шабе ба ёди ту будам, ки субҳгоҳи навид
Шабе ба ёди ту будам, ки субҳгоҳи навид
Арӯси нома сар аз ҳаҷлаи лифофа кашид.
Саводи хатту ғубори баёзи орази моҳ
Намуд аз рақами коғази сиёҳ сафед.
Чунон савод, к-аз ӯ шому субҳ айш кушуд,
Чунон баёз, к-аз ӯ субҳу шом ид дамид.
Нахуст арзи дуо гуфт аз ҷаноби туам,
Ки то яке шунавонид, сад ҳазор шунид.
В-агар аз он, ки миёни ману ту маъҳуд аст,
Ишора хост, ки пайваст бо ту, ё ки бурид.
Ҷавоби нома биёростам, ки бинвисам,
Аз он чӣ гӯш зи ҷонон шунид, дида надид.
Давот шарҳи диле тар накард коми қалам,
Ниҳод қуфли баён меҳр бар забони калид.
Надод фурсати ноқис иҷозати таҳрир,
Надид ҳавсалаи танг рухсати тасвид.
Бас аст бо ту агар ин қадар кунам ашъор,
Ки эй ба дарки сухан фарду в-эй ба фаҳм фарид.
Аз он миён, ки бар он рафт урфи аҳди қадим,
Канора меравад имрӯз роҳу расми ҷадид.
Инон кашидан аз ӯ беҳ, ки камбағал сайёд,
Чӣ дом метанад аз баҳри оҳуе, ки рамид.
Парирухе, ки аҷаб набвадаш агар гӯяд:
Ба офтоб дарафтоду бар қамар печид.
Аҷабтар он ки ба як лаблабу лаби лаълаш,
Гирифт шуҳра, ки каллахаре газиду макид.
Зиёда ҳарф чӣ лозим, ки нома Шоҳинро
Башора медиҳад инак, дами висол расид.