Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба уммеде, ки дар вайронаам дилдор меояд,

Ба уммеде, ки дар вайронаам дилдор меояд, Бурун ҳар лаҳза ҷонам аз бадан сад бор меояд. Надонам нағмапардози хаёли кист дил, ё Раб! Ба гӯшам, к-аз нафас ҳар дам садои тор меояд. Хамӯшӣ сурма мерезад зи бими яъс дар комам, Ба арзи матлаби дил бар лаби изҳор меояд. Бувад рӯи ту аз бас хат, ҳуҷум оварда бар гирдаш, Гуле, к-аз диданаш дар дида мавҷи хор меояд. Зи худ маҳвам ба завқи куфри зулфаш он қадар, Шоҳин, Ба чашмам риштаи тасбеҳ ҳам зуннор меояд.