Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Гар хок шавад дил, ба таманнои ту шояд,

Гар хок шавад дил, ба таманнои ту шояд, В-ар хун чакад аз дида, ба савдои ту бояд. Ку нохуни иқбол, ки сарпанҷаи тақдир То уқдаам аз кори фурӯбаста кушояд. Ҳаргиз шуда бошад, ки чу ман ҳарзахаёле Бо дилбари худ бесабабе тунд барояд? Нодида гуноҳе пайи андешаи ботил, Беҳуда дили нозукаш озурда намояд. Озурд агар ҷон зи ту ранҷид в-агар дил, Бозат дилу ҷонам, агар ойӣ, бигарояд. Боз ой, ки Шоҳин накунад чеҳра пур аз хок, То ҷабҳа ба хоки кафи пои ту насояд.