Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Гар ба наззораи боғам ҳавасе меояд,

Гар ба наззораи боғам ҳавасе меояд, Бе туам гул ба назар хору хасе меояд. Омадӣ бар сари болинаму дил бар дари чашм, Ба умеди нигаҳи бозпасе меояд. Ҳаст аз ашку нафас рӯфтаву обзада Хонаи дил, магар имрӯз касе меояд. Бода гар зӯр бувад, маҳфили моро чӣ халал, Ки дар ӯ муҳтасибе ё асасе меояд. Дил зи ёди қади ӯ майли хами зулфаш кард, Булбул аз шохи гуле дар қафасе меояд. Ёр ҳар ҷо, ки равад, ҳаст рақиб аз дунбол, Нест шаҳде, ки на бар вай магасе меояд. Гар биҷӯяд хабар аз мурдани Шоҳин, гӯед, Нафасе ой, ки аз вай нафасе меояд.